Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон натиҷаҳои тадқиқот оид ба муайянсозии сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар бораи ислоҳоти идоракунии биноҳои бисёрхонагиро, ки дар панҷ шаҳри калонтарини Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Чкалов гузаронида шудааст, муаррифӣ мекунад.
Тадқиқотро мутахассисони ин созмон дар доираи лоиҳаи «Пешбарии иштироки шаҳрвандӣ дар ислоҳоти нигоҳдорӣ ва идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ дар шаҳрҳо» анҷом додаанд. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешавад.
Тибқи маълумоти Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, наздик ба 8000 бинои бисёрхонагӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон тӯли 20 соли охир, бинобар иваз гардидани шакли моликият ва тағйир наёфтани сохтори идоракунӣ ва хизматрасонии манзил, ба таври зарурӣ нигоҳдорӣ нашудаанд. Вазъи ногувори биноҳои бисёрхонагӣ ва фаъолияти ғайришаффофи молиявӣ, хоҷагидорӣ, маъмурӣ ва иҷтимоӣ дар нигоҳдории манзилҳои бисёрҳуҷраӣ натиҷаи возеҳи он мебошад. Аз ҷумлаи чунин масоили ҳалталаб - ба кӣ, чӣ андоза ва барои кадом кор бояд маблағ пардохта шавад, то ин ки таҳхонаҳо, бомҳо, даромадгоҳҳо ва қубурҳо саривақт таъмир гарданд.
Моҳи августи соли 2009 Қонуни ҶТ «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил» қабул гардид, ки он бояд вазъи соҳаро комилан тағйир медод, ба муносибатҳои шартномавии бозаргонӣ замина мегузошт ва барои беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ мусоидат мекард. Зимнан худи аҳолӣ бояд чун қувваи асосии пешбарандаи ислоҳот ташаббус нишон медод, вале дар маҷмӯъ вазъият бетағйир монд ва меъёрҳои қонун дар амал татбиқ нагардиданд.
Дар ҷараёни тадқиқот 1500 нафар дар 5 шаҳри Тоҷикистон пурсида шуданд. Назарсанҷӣ муайян кард, ки 91%-и пурсидашудагон аз низоми амалкунандаи хизматрасонии манзил қонеъ нестанд. Ҳамзамон 76%-и пурсидашудагон оид ба дигаргуниҳои соҳа иттилоъ надоранд ва 70%-и онҳо фарқи байни фонди манзилии давлатӣ ва хусусиро дарк намекунанд. «Чунин сатҳи пасти огоҳии аҳолӣ заминаи рушди коррупсия ва поймолшавии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон мегардад», - изҳор медоранд мутахассисони Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар ташкил ва баргузории нишасти хабарӣ Мактаби мустақили рӯзноманигории "Тоҷикистон - асри XXI" мусоидат дорад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста