Дар зарфи 8 моҳи соли равон аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ 602 ҷасади шаҳрвандони тоҷик интиқол дода шуд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ислом Раҳматуллоев иттилоъ дод, ин шумор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се нафар бештар аст. «Соли ҷорӣ 67 нафар шаҳрвандони тоҷик кушта шуда, 238 нафар аз бемориҳои гуногун ба ҳалокат расидаанд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, дар ин давра расман 452 ҳазору 983 нафар шаҳрвандони тоҷик, аз ҷумла 52 ҳазору 128 нафар занон муҳоҷирати меҳнатиро дар хориҷи кишвар ихтиёр кардаанд.
Раҳматуллоев ҳамчунин гуфт, Хадамоти муҳоҷират самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро муқаррар кардааст, ки қабл аз ҳама, кор бо муҳоҷирони истирдодшуда, бақайдгузории онҳо, кӯмаки ҳуқуқӣ дар ҳалли мушкилот ва ғайраро дар бар мегирад.
Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон 2 моҳ қабл таъсис ёфта, вазифаҳои хадамоти мазкури Вазорати корҳои дохилӣ ба дӯши он вогузор шуданд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста