Намояндагони васоити ахбори умум ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупову Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ба мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов, ки дар бинои тавқифгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад, роҳ дода нашуданд.
Маҳмадюсуф Исмоилов тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ дар тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешавад.
Ҳангоме ки онҳо дар ин хусус ба раиси додгоҳи вилояти Суғд Наим Мансуров муроҷиат карданд, ӯ пас аз сӯҳбати телефонӣ бо раисикунандаи мурофиа Саодат Атоева гуфт, журналистон ба мурофиа роҳ дода мешаванд.
Пас аз анҷоми мурофиа Саодат Атоева сабаби роҳ надодани журналистон ба мурофиаро чунин шарҳ дод, ки ӯ мӯҳрашро дар утоқи кориаш фаромӯш кардааст ва бинобар он, рӯйхати журналистонро барои пешниҳод ба кормандони боздоштгоҳ тасдиқ карда натавонистааст. Аммо сардори боздотгоҳ Иброҳим Солиев дар робита ба ин изҳороти судя гуфт, агар ӯ исрор мекард, онҳо ба ин кор монеъ намешуданд.
Адвокати рӯзноманигор Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва директори Маркази ҳуқуқии «Адвокати ту» қайд кард, ки баррасии мурофиаи додгоҳӣ барои он ба бинои тавқифгоҳ гузаронида шудааст, ки иштироки журналистон дар он маҳдуд карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мурофиа натиҷаҳои ташхиси лингвистии дар Пажӯҳишгоҳи забон ва шарқшиносии назди Академияи улуми ҷумҳурӣ баргузоршуда баррасӣ шудаанд.
Ҷӯраева иттилоъ дод, ки ташхис тасдиқ намудааст, ки дар мақолаҳои журналист далелҳои таҳқир ва маҳалгароӣ мавҷуданд, ки метавонанд ба барангехтани низоъи минтақавӣ боис гарданд.
Адвокат бо натиҷаҳои ташхис розӣ нест ва мақомоти доирнамудаи онро салоҳиятнок намешуморад. «Ташхис аз ҷониби мақомоти давлатӣ гузаронида шуд ва мутаносибан он ҷонибдорони ҳукуматдорон хоҳад буд. Айни замон агар ҳама ба чунин натиҷаҳо такя кунанд, пас журналистон умуман набояд маводи интиқодӣ бинависанд», - гуфт ӯ.
Ҳамчунин Ҷӯраева изҳор кард, ки ӯ аз додгоҳ дархост кардааст нисбат ба журналист чораи пешакии дар маҳбас нигоҳ доштани иваз карда шуда, ӯ озод гардад, вале додгоҳ бо ишора ба вазнин будани айбномаи пешниҳодшуда онро рад кардааст.
Ёдрас мекунем, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамрайъии журналистон рўзи 8 август дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки журналистон, намояндагони созмонҳои журналистӣ ва байналмилалӣ дар мавзўи «Ҳамраъйии журналистон – ба тақдири ҳамкасбонамон бетафовут набошем» «мизи мудаввар» барпо гашт.
Иштироккунандагони ҳамоиш инчунин бо мақсади аз маҳбас озод намудани журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ба унвони роҳбарияти давлат муроҷиатнома қабул карданд.
Қаблан Созмони байнулмилалии «Рӯзноманигорони бидуни марз» ва Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон низ бобати боадолатона ҳал кардани қазияи Исмоилов ба президенти ҶТ муроҷиат карда буданд.
Дар муроҷиатнома аз ҷумла изҳор гардида буд, ки «бо назардошти вазъи саломатӣ ва ифодаи иродаи нек аз Шумо хоҳиш дорем нисбат ба журналист Маҳмадюсуф Исмоилов чораи пешакии дар маҳбас нигоҳ доштан ба чораи дур нарафтан аз маҳалли зист иваз карда шавад». «Мо аз Шумо дархост менамоем, ки нисбат ба парвандаи Исмоилов тафтишоти иловагӣ гузаронида шавад ва мурофиаи додгоҳӣ дар ҷойи дигар, масалан дар шаҳри Душанбе доир гардад, зеро танҳо ҳамин тариқ беғаразиву холисӣ таъмин карда хоҳад шуд», - зикр гардида буд дар муроҷиатнома.
Муаллифони муроҷиатнома бар ин назаранд, ки чораи ҳабси пешакии Исмоилов хеле вазнин аст, зеро Исмоилов наметавонад ба шоҳидон фишор оварад ё баъзе маводро нобуд созад. «Аз озодӣ маҳрум ва ба ҳабс гирифтани Исмоилов чун амали қасоси шахсӣ ба назар мерасад», - изҳор гардида буд дар муроҷиатнома.
Ҷаласаи навбатии додгоҳӣ оид ба парвандаи ҷиноии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов имрӯз, 19-уми сентябр дар бинои тавқифгоҳ доир мегардад. Худи ҳамин рӯз дар бинои додгоҳи виоятӣ ҷаласаи додгоҳӣ оид ба парвандаи журналисти дигар – хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов низ идома меёбад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста