Ояндаи наздик дар шаҳри Хуҷанд бори нахуст баргузории марафони ҷамъоварии воситаҳову маблағ барои беморони рӯҳии вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази вилоятии равоншиносӣ Ғуломҷон Маҳмадюсуфов хабар дод, ин аксия аз ҷониби маъмурияти маҳаллӣ дастгирӣ ёфта, он дар майдони назди бозори «Панҷшанбе» доир мегардад.
Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни марафон барои беморони гирифтори касалиҳои рӯҳу асаби беморхонаи вилоятӣ дар ҷамоати Лаккони ноҳияи Исфара сарулибос, маводи ғизоӣ ва маблағҳо ҷамъоварӣ карда мешаванд.
«Айни замон марказ ба таъмири асосӣ ниёз дошта, аз норасоии маводи ғизоӣ ва сарулибос барои беморон танқисӣ мекашад. Шахсоне ҳастанд, ки ба марказ ёрӣ мерасонанд, вале он танҳо ба якчанд рӯз кифоя мекунаду халос, - мегӯяд ӯ. – Ғайр аз ин, бемороне бистарианд, ки ба назди онҳо касе аз наздикону хешовандонашон хабаргирӣ намеоянд. Ин беморон тамоми умур яккаву танҳо мемонанд ва ба онҳо кӯмак расонидан зарур аст. Агар афроди некхоҳу саховатманд барои ба ин марказ овардани қубури оби тозаи нӯшокӣ кӯмак мекарданд, хеле хуб мешуд, зеро ба марказ оби нӯшокӣ аз масофаи 15-20 километр – аз ҷамоатҳои Чилгазӣ ва Лаккон оварда мешавад».
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста