Дар Деҳлӣ дар нашрияи бонуфузи «World Mass Communication” мақолаи муфассал дар бораи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба чоп расид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар он самти рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва аз ҷойҳои дидании он нақл мешавад.
Тоҷикистон кишвари сайёҳии муосир мебошад, чунки он дорои арзишҳои фарҳангиву таърихии аҷдодӣ, фарҳанги пурғановати ба худ хос, мавқеи хуби ҷуғрофӣ, табиати гуногуну чашмандоз, мавзеъҳои тафреҳии пур аз гиёҳу ҷонварон аст.
Тоҷикистон – макони қуллаҳои баланд, пиряхҳои бузург, дарёҳои шодобу шӯх, кӯлҳои мусаффо, гиёҳҳои шифобахш ва ҷонварон аст. Маҳз зина ба зина пайдо шудани кӯҳҳо зебогии табиати гуногуну беназири Тоҷикистон, манзараҳои зиндагии табиати гуногуниқлимро инъикос менамояд. Дар ҷумҳурӣ дар муддати беш аз як соат аз минтақаи хело ҳам гарми Водии Вахш ба минтақаи хело ҳам хунуки тоқатфарсои арктикӣ, ба макони барфҳои абадии Помир расидан мумкин аст.
Дар 13 парваришгоҳ ва мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, ки асоси онҳоро «Зоркул», «Ромит», «Мозкул», «Даштиҷум» ва Боғи миллии Тоҷикистон ташкил медиҳанд, экология, манзараҳои зебо ва ёдгориҳои табиӣ дар шакли аввалиашон нигоҳ дошта шудаанд. Ҳамчунин гиёҳҳои камшумул ва ҷонварони камшудаистода, ки ба Китоби Сурх ворида карда шудаанд, аз ҷумла бузи шохдор (морхур), архари кӯҳӣ (Марко Поло), гусфанди кӯҳии бухороӣ (Уреал), оҳуи холдори бухороӣ, гурбаи барфӣ, хирси тираи Тян-Шанӣ, кафтори рах-рах, ғози кӯҳии ҳиндугӣ ва ғайраҳо дар Тоҷикистон ҳифз мешаванд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 84 намуди ҳайвоноти ширхор, қариб 365 намуди парандагон, 49 намуд хазандагон, қариб 59 намуд моҳӣ ва беш аз 10000 намуд ҳашаротҳои гуногун маскун ҳастанд.
Дар Тоҷикистон беш аз 5000 намуди наботот мерӯяд. Масоҳати Боғи миллӣ 2,6 миллион гектарро дар бар гирифтааст, ки он 18 дарсади масоҳати кулли Тоҷикистон буда, аз он 60 дарсадаш дар ҳудуди ВМКБ рост меояд. Солҳои охир маъмурияти Боғи миллӣ чораҳои заруриро барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва беҳтар намудани вазъи экологӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳи Помир андешида истодааст.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста