Дар асоси супориши Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба деҳаи Сарвақи болои ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дод.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов зимни вохӯрӣ бо аҳолии деҳаи Сарвақ оид ба дастовардҳои даврони Истиқлол, шароитҳои мавҷудаи иқтисодию иҷтимоии вилояту ҷумҳурӣ баромад намуда, аҳолиро ба накӯкориву бунёдкорӣ ҳидоят намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ба сокинони ноҳия маводи озуқаворию маишӣ, ба монанди 5,5 тонна орд, 550 кг равған, намак, доруворӣ, китоб, дафтар, рӯзномаю маҷаллаҳо ва дару тиреза, ки аз ҷониби Раиси вилоят бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфа шудааст, дастрас гардид.
Зимнан зикр гардид, ки муаммоҳое, ки дар деҳаи Сарвақ ҳаст, то имрӯз аз ҷониби масъулин мавриди иҷроиш қарор гирифта, аз ҷумла, мактаби деҳа ба 10 сола иваз карда шуда бо, 2 адад компютер ва лавозимотҳои хониш таъмин карда шуд. Ҳамчунин бинои бунгоҳи тиббии деҳа таъмир шуда истодааст.
Ҳоло дар деҳа муаммоҳои рафту омади аҳолии деҳа ба ноҳияи Ашт, таъмирталаб будани мактаб ва бунгоҳи тиббӣ, дар мағоза набудани маводи хӯрокворӣ, гузаштан аз сарҳади давлатӣ, ворид намудани молу маҳсулоти ҳаррӯза, чаронидани чорво ҷой доранд, ки дар ҳалли саривақтии онҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирҳо амалӣ месозад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста