Думаи давлатии Русия дар қироати дуюм лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонид, ки дар он ба шаҳрвандони Русия - иштирокчиёни даргириҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон додани мақоми собиқадор (ветеран)-и ҷанг пешбинӣ мешавад.
Дар шарҳи лоиҳаи қонуни мазкур узви Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба масоили байнулмилалӣ Наталя Ермакова ба хабаргузории «Росбалт» изҳор кардааст, ки лоиҳаи қонун бо супориши президенти Русия таҳия гардида, «нисбат ба низомиёни Русия – иштирокчиёни даргириҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон дар давраҳои аз моҳҳои сентябр то ноябри соли 1992 ва аз моҳи феврали соли 1993 то декабри соли 1997 адолатро барқарор менамояд».
«Дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои ҷангӣ низомиён сарбаландона қарзи ҳарбии худро адо карда, мардонагиву ҷасорат ва қаҳрамонӣ зоҳир сохтанд. Аксари онҳо бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд», - қайд кардааст Н. Ермакова.
Ба қавли Ермакова, дар сурати қабули қонуни мазкур, он аз 1-уми январи соли 2012 мавриди амал қарор гирифта, нисбат ба 23 ҳазору 520 нафар шаҳрвандон Русия татбиқ хоҳад шуд.
«Бо соҳиб шудан ба мақоми собиқадор иштирокчиёни даргириҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон аз имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ бархӯрдор мегарданд ва бо ин мақсад соли 2012 аз бюҷети давлатии Русия ҷудо кардани 719,1 млн. рубл пешбинӣ шудааст», - афзудааст намояндаи Думаи давлатии Русия.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста