Иттифоқи журналистон, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мутақил, Шӯро оид ба ВАО ва Медиа Алянси Тоҷикистон аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум кардани хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов изҳори ташвиш намуда, ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муроҷиатнома қабул карданд.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, чунин ҷазо, ки бо амалҳои рӯзноманигор қиёснашаванда аст, ба озодии ВАО хатар эҷод карда, ба эътибори Тоҷикистон ҳамчун давлати пешгирифтаи роҳи рушди демократӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.

Зикр мегардад, ки парвандаи ҷиноятии Исмоилов, хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ» аллакай моҳи чорум аз чониби суди шаҳри Табошари вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дорад. Маҳмадюсуф Исмоилов рӯзи 23 ноябри соли 2010 аз тарафи мақомоти ҳифзи тартиботи қонуни ноҳияи Ашт дастгир ва ҳабс карда шудааст. Ба вай тибқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189 қисми 2 (Барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва динӣ» ва 250 (Тамаъҷӯйӣ) КҶ ҶТ айб эълон карда шудааст. Созмонҳои миллию байналмилалии рӯзноманигорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар, ки парвандаи мазкурро пайгирӣ менамоянд, чунин меҳисобанд, ки Исмоилов бо сабаби дар матбуот ба табъ расондани мақолаҳои танқидӣ мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Исмоилов борҳо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи қонун ва сохторҳои судиро танқид карда, ҳатӯлкорӣ, сиёсати сусти иҷтимоию иқтисодӣ ва сӯистифода аз мансабро дар ноҳияи Ашт фош кардааст.

Рӯзи 29 сентябр дар суд, дар ҷараёни музокираи тарафҳо айбдоркунандаи давлатӣ, ёрдамчии прокурори шаҳри Табошар Амирҷон Ғафуров аз суд пурсид, ки рӯзноманигорро 16 сол аз озодӣ маҳрум карда, бо истифодаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» мӯҳлати ҷазо ду сол кам карда шавад. Вале адвокатҳои рӯзноманигор Муҳаббат Ҷӯраева ва Садриддин Саидов дар амалҳои рӯзноманигор мавҷуд набудани таркиби ҷиноятиро исбот карда, талаб доранд, ки зерҳимояи онҳо сафед карда шавад. Ба андешаи дигар коршиносони миллӣ ва байналмилӣ низ дар ҷараёни оғоз кардан ва тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Исмоилов як қатор вайронкуниҳои дағалонаи меъёрҳои протсессуалии қонунгузории ҶТ роҳ дода шудааст.

«Бо сабаби он, ки парвандаи мазкур дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди вокунишҳои шадид қарор гирифт, созмонҳои рӯзноманигорӣ ба Шумо – Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, аз Шумо роҳбари давлат, ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони ҷумҳурӣ хохиш дорем, ки парвандаи ҷиноятии хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоиловро таҳти назорати шахсии худ қарор диҳед. Мо умедвор хастем, ки риояи меъёрхои эҳтимолияти бегуноҳӣ ва адолати судӣ нисбат ба ҳамкори мо - М.Исмоилов таъмин мегардад», - омадааст дар муроҷиатнома.