Радиои «Азия-Плюс» барои пахши барномаҳо дар саросари кишвар ва тариқи шабакаи Интернет иҷозатнома гирифт.
Ба гуфтаи директори генералии радио Парвона Аҳрорӣ, айни замон барои муайян кардани басомад ва диапазони пахши барномаҳо дар минтақаҳои кишвар мутахассисон ҷалб карда шудаанд.
Ҳамчунин барои аудиторияи бузурги шунавандагон барномаҳои нав омода шудаанд. «Аммо шакл ва забони гуфтори радио чун пештара – барномаҳои иттилоотиву фароғатӣ бо забони русиву тоҷикӣ боқӣ мемонанд», - мегӯяд П. Аҳрорӣ.
Номбурда мӯътақид аст, ки пахши барномахои радио дар саросари кишвар ба фаъолияти кормандони радио такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. «Радиои мо ба шунавандагон иттилооти фаврӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ, шарҳу тафсири шахсони салоҳиятдор оид ба масоилу мушкилоти муҳими рӯз, навгониҳо аз олами мусиқӣ ва дигар барномаҳои ҷолибро пешниҳод менамояд», - изхор кард ӯ.
Радиои «Азия-Плюс» нахустин радиоест, ки онро метавон тариқи шабакаи Интернет низ шунид. Пахши барномаҳо тариқи шабакаи Интернет пас аз ду моҳ ва дар саросари кишвар каме баъдтар амалӣ хоҳад шуд.
Радиои ASIA-Plus - нахустин радиои мустақили Душанбе. Радио 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107 FM садо дод, 24 соат дар шабонарӯз ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашрҳои хабарӣ ва барномаҳо пахш мекунад. Шакли барномасозии радио – иттилоотию мусиқӣ. Нашрҳои хабарӣ ҳар соат пахш мешаванд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста