Журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов ва адвокати ӯ аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба зинаи болоӣ шикоят бурданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати журналист Муҳаббат Ҷӯраева хабар дод, «аз нуқтаи назари ҳуқуқшиносӣ ҳукмро метавон боадолатона унвон кард, зеро бо боварӣ гуфта метавонам, ки тайи панҷ соли ахир моддаи 63-и КҶ Тоҷикистон (Таъини ҷазои сабуктар нисбат ба ҷазое, ки барои ин ҷиноят пешбинӣ шудааст) аз ҷониби додгоҳҳо истифода нашудааст».
М. Ҷӯраева мегӯяд, ба содир шудани ҳукми башардӯстона ва боадолат иштироки намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи байнулмилалӣ, ВАО ва корпусҳои дипломатӣ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ низ таъсир гузошт.
«Сарфи назар аз ин, мо бо ҳукми додгоҳ розӣ буда наметавонем, зеро дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи додгоҳӣ айби журналист аз рӯйи чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, ки ба ӯ пешниҳод гардида буданд, исботи худро наёфтанд», - идома дод адвокат.
Ба гуфтаи номбурда, онҳо хостори аз ҷониби додгоҳ дубора бознигарии ҳукми Исмоилов мебошанд, зеро дар ҳоле ки Исмоилов ҳамагӣ 52 сомонӣ нафақа мегирад, пардохти ҷаримаи ба ӯ таъиншуда дар ҳаҷми 35 ҳазор сомонӣ амалан ғайриимкон аст. «Агар додгоҳ моддаи 189-и КҶ ҶТ (Барангехтани низои маҳалгароӣ)-ро низ аз эътибор соқит мекард, аз рӯйи ду моддаи дигар нисбат ба ӯ қонуни афв истифода мегардад», - таъкид сохт М. Ҷӯраева.
Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, шикояти кассатсионӣ дар мӯҳлати ду моҳ метавонад мавриди баррасӣ қарор гирад.
Ёдрас мекунем, ки Маҳмадюсуф Исмоиловро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқb вилояти Суғд 23-юми ноябри соли 2010 боздошт намуда буданд. Ба ӯ тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айб пешниҳод гардид.
Рӯзи 14-уми октябри соли равон дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи додгоҳии хотимавӣ доир гардида, мутобиқи ҳалномаи додгоҳ рӯзноманигор Исмоилов бо моддаи 250-и КҶ ҶТ (Тамаъҷӯйӣ) бегуноҳ шуморида шуда, аз толори додгоҳ озод карда шуд. Аз рӯйи моддаҳои дигар додгоҳ ба Исмоилов ҷарима дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ таъин кард, вале бо назардошти муддати 11 моҳ дар маҳбас қарор доштани ӯ, ҳаҷми ҷарима то 35 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 7,3 ҳазор $) поин бурда шуд.
Сардабири нашрияи «Нури зинадагӣ» Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, сабаби ба ҳабс гирифтани рӯзноманигор фаъолияти касбиаш аст. Ба гуфтаи ӯ, матолиби дар ҳафтаномаҳои «Нури зиндагӣ» ва «Истиқлол» чопшудаи Исмоилов вокунишҳои доманадореро ба бор овардаанд.
Акс аз www.ozodi.org
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста