Чанде қабл сафорати Британияи Кабир дар шаҳри Душанбе рӯзи ёдбудро, ки ҳамасола дар кишварҳои узви Шоҳигарии Британия ҷашн гирифта мешавад, дар боғи Ғалаба доир намуд.
Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар шаҳри Душанбе хабар доданд, сафири Британияи Кабир ҷаноби Тревор Мур ва намояндаи расмии сафоратхонаи Канада дар Остона, бо иштироки шаҳрвандони кишварҳои узви Шоҳигарии Британия ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҷашни рӯзи ёдбуд иштирок намуданд. Намояндаи вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва атташеи ҳарбии сафорати Ҳиндустон низ дар ин чамъомад иштирок намуданд. Маросими мазкур аз ҷониби падари рӯҳони Себастян, коҳини калисои романӣ-католикӣ гузаронида шуд.
Ба иттилои манбаъ, намояндаи шӯрои ветеранхои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иштирок дар ин чамъомад, ки дар он шаҳидони ҷангҳо ва нафароне, ки барои сулху суббот ҷони худро нисор карданд, ёдоварӣ шудаанд, изхори миннатдорӣ намуда, қайд кард ки ин маросим маротибаи аввал аст, ки дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Қобили зикр аст, ки ҳар сол кишварҳои узви Шоҳигарии Британия дар якҷоягӣ бо легиони Шоҳигарии Британия барои гузаронидани маъракаи «Poppy Appeal» («Даъвати гули Лола» - гули Лола рамзи ёдоварии нафароне мебошад, ки дар ҷангҳо нобуд шуданд) кӯмак менамояд. Ин маърака 3 ҳафта пеш аз рӯзи ёдбуд оғоз мегардад. Нишонаи гули Лоларо бо ранги сурх дар давоми 3 ҳафтаи пеш аз 11 ноябр ва баъди санаи мазкур ҳар як шахсе дар сари синаи хеш меовезад.
Маъракаи рӯзи ёдбуд аз ҷониби легиони Шоҳигарии Британияи, ки ассотсиатсияи собиқ хизматчиёни ҳарбиии Британия мебошад, гузаронида мешавад. Ҳар сол хоҳишмандон дар ин маърака дар Сафорати Британияи Кабир дар ш. Душанбе аз охири моҳи октябр то нимаи моҳи ноябр иштирок карда метавонанд. Нишонаҳои гули Лола бо ранги сурх барои иштирокчиён дар рӯзи ёдбуд низ дастрас буд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста