Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи семинари дурӯзаи таҷрибавӣ дар мавзӯи «Муҳоҷират ва рушд: комёбии нақшаи стратегӣ» дар Душанбе сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиаллоҳ Девонаев изҳор кард, ки Тоҷикистон ба Белорус фиристодани муҳоҷирони кории аз Русия истирдодшударо ба нақша гирифтааст.
«Бо тасвиби созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи фаъолияти кории шаҳрвандони тоҷик дар Белорус мо роҳи муҳоҷират ба ин кишварро боз намудем. Аз ин рӯ, аз истирдоди шаҳрвандони мо аз Русия набояд ҳарос дошт. Мо муҳоҷирони истирдодшударо ҷамъ оварда, ба Белорус мефиристем», - гуфт ӯ.
Девонаев зикр кард, ки ҷараёни фиристодани муҳоҷирони кории тоҷик ба Белорус аз соли нав оғоз мегардад. «Пас аз анҷом додани як қатор тартиботи барасмиятдарорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ, шурӯъ аз соли нав мо ба фиристодани шаҳрвандон ба Белорус оғоз мекунем», - иброз дошт вай.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Хадамоти муҳоҷират мутмаин аст, ки вазъи имрӯзаи муҳоҷирони кории тоҷик муваққатӣ аст.
«Мо таҳти роҳбарии сарвари давлат ва дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ин масъаларо ҳал хоҳем кард», - изҳори боварӣ намуд Девонаев.
Номбурда афзуд, рӯзҳои наздик ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур як ҳайати ҳукуматӣ таҳти сарварии вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба шаҳри Маскав раҳсипор мешавад.
Бино ба маълумоти Девонаев, айни замон дар муассисаҳои боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилии Русия 241 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста