Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана бахшида ба таҷлили ҷашни 60-умин солгарди таъсиси Академияи улуми Тоҷикистон, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гард, иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон олимони ҷумҳуриро бо ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҳарчи бештар ба ҷорисозии дастовардҳои илми тоҷик ба рушди иқтисод, саноат ва дигар бахшҳои истеҳсолот таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир созанд. Дар суханронии сарвари давлат ҳамчунин густариши робитаҳои байнулмилалии илмӣ низ таъкид гардид.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷлиси ботантана натанҳо намояндагони аҳли илму зиё, эҷодкорон ва ҳунармандони пойтахт, балки тамоми манотиқи кишвар гирдиҳам омаданд.
Пас аз маҷлиси ботантана консерти пуршукӯҳи устодони ҳунари Тоҷикистон баргузор гардид.
Ёдрас мекунем, ки Академия улуми Тоҷикистон соли 1951 дар заминаи филиали тоҷикистонии Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд. Соли 1991 аз 3 шӯъба ва 19 муассисаи илмӣ иборат буд.
Моҳи сентябри соли гузашта сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарори ҳукуматро дар бораи ислоҳоти сохтори Академияи улуми кишвар ба имзо расонид.
Мутобиқи қарори мазкур, як қатор воҳидҳои ва сохторҳои тобеъи Академияи улум муттаҳид гардиданд. Ҳамчунин шумори ҳайати шахсии Президиуми Академияи улуми ҶТ аз 11 то 9 нафар ва ҳайати шахсӣ (штат)-и Академияи улум аз 70 то 50 нафар кам карда шуд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста