Чанде қабл вохӯрии намояндагони «Гурӯҳи мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон» бо сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов доир гардид. Дар ин бора ҳамоҳангсози гурӯҳ, сардабири ҳафтавори «Азия-Плюс» Марат Мамадшоев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳ ба сафир дар бораи вазифаҳо ва ҳадафҳои гурӯҳ маълумот дод.

- Мо махсусан таъкид кардем, ки гурӯҳи ҷамъиятӣ ҳастем ва ҳадафҳои сиёсиро пайирӣ надорем. Яке аз вазифаҳои асосии мо таъсир расонидан ба афкори умум аст, то ки симои мусбати муҳоҷир ташаккул ёбад, - гуфт Мамадшоев.

Сипас намояндагони гурӯҳ ва сафири Русия атрофи вазъ дар Тоҷикистону Русия табодули афкор намуданд.