Сафорати Иёлоти Муттаҳида ва мудири «Барномаи мактабҳои шарик барои Рӯҳи Амрико» якҷоя кӯмаки иловагӣ барои мактаби Лоҷирк, ки муддате пеш аз тарафи Сафорати ИМА таъмир шуда буд, супориданд.
Тавре аз сафорати ИМА хабар доданд, дар мкктаб панелҳои офтобӣ насб карда шуда, ба талабагон 150 адад пӯшоки зимистона дода шуд. Нуқтаи тиббӣ, ки дар назди мактаб ҷойгир аст, бо лавозимоти зарурии тиббӣ таъмин гардид.
Ба иитилои манбаъ, илова ба он, як сӯҳбати он-лайн байни талабагони мактаби Пасификаи Санта Моника, Калифорния, ва талабагони мактаби Лоҷирк баргузор шуд. Ҳоло қишлоқи Лоҷирк дорои қувваи барқи офтобӣ дар мактаб ва нуқтаи тиббӣ мебошад. «Рӯҳи Амрико» панелҳои офтобӣ, пӯшоки зимистона ва дорувориро ба маблағи 13000 доллар ва Сафорати ИМА нақлиёт ва ёрии моддиву техникии ин лоиҳаро таъмин карданд.
Қобили зикр аст, ки мактаб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ зиён дида буд, ва кӯдакони маҳаллӣ баъди анҷоми ҷанг даҳ сол пеш дар хона дарс мегирифтанд.
«Рӯҳи Амрико» ташкилоти ғайридавлатии донорӣ мебошад, ки ба қисмҳои низомии ИМА, ки дар расонидани кӯмаки башардӯстона дар Ироқ, Афғонистон ва дигар давлатҳои иҳтиёҷманд кор мекунанд, ёрии фаврӣ таъмин мекунад. Ин лоиҳа яке аз лоиҳаҳои бисёри ёрирасон мебошад, ки Сафорати ИМА аз номи мардуми Амрико ба амал меоварад. Аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 984 миллион доллар сарф намудааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста