Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар маҳалаву қасабаҳои шаҳр бо собиқадорони ҷангу меҳнат, кӯҳансолон идома дорад.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, чунин мулоқот ва сӯҳбати ошкорову самимӣ бо куҳансолони маҳаллаҳои ба номи Содирхон Ҳофиз, «Сари Баландӣ» ва «Шарқ» бо иштироки вакилони Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ Акрамхон Маҳмудов ва Юсуфҷон Умаров, ки воқеан фаъолияташон аз ҷониби иштирокдорони мулоқот - интихобкунандагонашон хеле хуб арзёбӣ шуд, баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, пирони кор аз рушду нумӯъ, пешрафти иқтисодиёт, торафт беҳбудёбии ҳаёти иҷтимоӣ, болоравии сатҳи маънавии ҷомеа, ободии шаҳру вилоят ва мамлакат ҳарф зада, ҳамаи инро шарофати даврони тинҷу пуросоиш, сиёсати ояндабинонаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кӯшишҳои ҳамаҷонибаи Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода маънидод карданд.

Ҳамчунин аз ҷониби онҳо дар мавриди ташаккули  сиёсати шаҳрдорӣ, боз ҳам ободу зебо гардондани саросари Хуҷанд, таъмиру таҷдиди роҳу кӯчаҳои дохилӣ, чароғонкунии маҳаллаҳо, бознигарии нарху наво дар бозорҳо, барқарор кардани фаъолияти чойхонаҳо, ки маркази фарҳангии маҳал ва макони басо мусоиди сӯҳбати мӯйсафедон аст, тарбияи наврасону ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҷараёнҳои ғайриқонуниву ифротгаро, мусоидат ба истифодаи самараноки толору майдончаҳои варзишӣ барин масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа ва маҳал ибрози назар карда шуд.

Раҷаббой Каримов барои маслиҳатҳои муфид ба пирони рӯзгор изҳори сипосмандӣ карда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҳамеша пешсафи ҷомеа, маслиҳатгари доимии насли ҷавон бошанд ва дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳр фаъолона ширкат варзанд.