Дар Тоҷикистон афви навбатие, ки ба муносибати 20-умин солгарди ҷашни истиқлоли ҷумҳурӣ эълон гардида буд, ба анҷом расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, аз муассисаҳои ислоҳотӣ ва тавқифгоҳҳои муваққатӣ беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон озод гардиданд, ки 196 нафарашонро занон ва 153 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд. Боз мӯҳлати адои ҷазои ҳудуди 5 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда шуд.
Хамчунин афв ба 5 ҳазор нафаре, ки таҳти мурофиаи судӣ ё тафтишот қарор доштанд, низ дахл кард.
Миёни маҳбусони афвшуда 72 нафар аъзои созмонҳои динии ифротгароии «Ҳизб-ут-таҳрир» ва «Ҳаракати исломии Ӯзбекситон» ва наздик 100 тан аз ҷонибдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ҳузур доранд.
Дар ҳамин ҳол, дар Сарраёсати иҷрои ҷазо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки чанде аз афвшудагон пас аз озодӣ аллакай барои даст ба ҷинояти навбатӣ задан фурсат ёфтаанд. «Маълумоти оморӣ бозгӯи онанд, ки ҳудуди 20-30%-и афвшудагон баъди гузашти чанд муддате боз ба маҳбас бармегарданд. Пас аз эълони афв ҳамагӣ се моҳ сипарӣ шуд ва ба муассисаи ислоҳотӣ аллакай 20 нафари афшудагон баргаштанд, ки панҷ нафарашон ноболиғон мебошанд. Аксари онҳо ба дуздӣ даст задаанд», - гуфт манбаъ.
Афви гузашта, ки миёни мардум бо «афви тиллоӣ» машаҳур аст, дар замони истиқлоли Тоҷикистон 13-умин мебошад. Дар ин муддат ҳудуди 100 ҳазор нафар мавриди афв гирифтанд.
Хусусияти фарқкунандаи афви феълӣ дар он буд, ки бори нахуст аъзои ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои динӣ, ки ба ифротгароӣ муттаҳам дониста мешуданд, озод гардиданд. Ҳамчунин иштирокчиёни даргириҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода ва ҳамчунин иштирокчиёни задухӯрди мусаллаҳонаи соли 1998 дар вилояти Суғд бо шарти адо кардани аз чор се ҳиссаи мӯҳлати ҷазои таъиншуда мавриди афв қарор гирифтанд.
Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҶТ, дар Тоҷикистон 17 муассисаи ислоҳотӣ амал мекунад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста