Миёни Донишкадаи исломии ба номи Имом Абӯ Ҳанифаи Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон хабар доданд, чанде қабл дар шаҳри Қазон, ки Донишкадаи исломии Русия он ҷо воқеъ аст, зери созишномаи мазкур мудири шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон, профессор, доктори улуми фалсафа Абдуманнон Саидов ва ректори Донишгоҳи исломии Русия Рафиқ Муҳаметшин имзо гузоштанд.
«Дар доираи сафар ба шаҳри Қазон намояндагони донишкадаи мо аз фаъолияти Донишгоҳи исломии Русия дар мавриди таҳияи барномаҳои омӯзишӣ ва таълими он дар факултаи улуми шариат таҷриба андӯхта, ҳамчунин бо ташкили кори илмиву методии донишгоҳ ва ҷараёни умумии омодасозии кадрҳо дар соҳаи фарҳанги исломӣ аз наздик ошно хоҳанд шуд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ҷониби Тоҷикистон таҷрибаандӯзӣ маҳз дар Донишгоҳи исломии Русияро бинобар сабаби тамоили анъанаҳои ҳанафӣ доштани он интихоб намудааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста