Дар мавсими тирамоҳу зимистони соли равон дар Тоҷикистон 15 ҳазору 749 нафар гирифторони бемории зуком ё худ грипп ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 800 нафар зиёдтар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати давлатии назорати санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод, дар ҳамин ҳол, соли равон танҳо як навъи зуком – НЗ ба қайд гирифта шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта се навъи ин ангезанда – H1N1, H3 ва В сабт гардида буд.
«Соли 2010 ҷиҳати пешгирии зукоми навъи H1N1 маъракаи эмгузаронӣ доир гардида буд ва аз ин рӯ, айни замон ҷисми мардум ба навъҳои гуногуни зуком метавонад тобовар бошад», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Ҷаъфаров илова намуд, ки афзоиши ҳодисаҳои сироят ба гепатити вирусии А ё зардпарвин (бемории Боткин), ки бештар тавассути маҳсулоти ғизойӣ ё об ба каси дигар мегузарад, дар ҳоли коҳишёбӣ аст. «Ҳарорати пасти ҳаво ба афзоиши ангезандаҳо имкон намедиҳад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки сатҳи афзоиш қатъ гардида, моҳҳои март ё нимаи апрели соли оянда шумори гирифторони ин ангезанда ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки айни замон аз 9 ҳазору 385 ҳодисаи сабтшудаи гирифторӣ ба бемориҳои гепатит дар Тоҷикистон, 8 ҳазору 955 нафарашонро маҳз мубталоёни бемории гепатити А ташкил медиҳанд, ки 80%-и онҳо кӯдакону наврасон мебошанд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 8 ҳазору 682 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории гепатити А ба қайд гирифта шуда буд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста