Дар ҷашни Соли нави 2012 тамоми маногтиқи Тоҷикистон мунтазам бо нерӯи барқ таъмин карда хоҳанд шуд.
Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ 31-уми декабр ва дар рӯзи аввали Соли нави 2012 дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ лимити истифодаи барқ бекор карда мешавад, - хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи «Норак» 896 метру 18 сантиметрро ташкил медиҳад. Соли гузашта сатҳи он 60 сантиметр баландтар буд. Феълан сатҳи ҷоришавии оби рӯдхонаи Вахш 210 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори ҳукумат, шурӯъ аз 12-уми октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ гардид. Мувофиқи он, минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз аз 6 то 10 соат бо барқ таъмин карда мешаванд Дар пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳрҳои бузурги кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нагардида буд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста