Соли гузашта дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 173 ҳодисаи ишғоли худсаронаи қитъаи замин ба қайд гирифта шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Кумитаи минтақавии заминсозии Кӯлоб Тоҳир Саидов хабар дод, ҳамчунин метавон 422 ҳодисаи истифодаи замин бидуни сертификати дахлдор ба онро низ ба қатори ба ин монанд қонуншиканӣ дохил кард, зеро танҳо сертификат ҳуқуқи истифодаи онро медиҳад.
«Дар минтақаи Кӯлоб дар маҷмӯъ дар як сол 818 ҳолати риоя нагардидани қонунгузорӣ дар бораи истифодаи замин ба қайд гирифта шудааст», - гуфт ҳамсӯҳбат ва илова намуд, ки аз ин қитъаҳои замин аллакай 400 гектараш дубора барои киштукор ба хоҷагиҳои кишоварзӣ баргардонида шудааст.
Ба қавли Т.Саидов, барои ҷуброни хисороти расида қонуншиканон дар маҷмӯъ ба миқдори 216 ҳазору 410 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд, ки аз ин миқдор аллакай 165 ҳазору 374 сомониаш рӯёнида шудааст.
«Ба мо лозим омад, ки ҷиҳати ёрӣ расонидан 57 маротиба ба мақомоти судӣ ва 50 маротибаи дигар ба мақомоти додситонӣ муроҷиат намоем, то ки замини ғайриқонунӣ ишғолшударо озод намуда, ҷаримаҳоро рӯёнем», - таъкид кард номбурда.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста