Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки нисбат ба мушкилоти ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар хатсайрҳои дохилишаҳрии № 1, 2, 12, 22 ва 37 бо дарки фаҳмишу масъулият муносибат намоянд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, мушкилоти ҳаракати нақлиёт дар хатсайрҳои зикршуда бинобар сабаби қатъи интиқоли газ аз Ӯзбекистон рӯйи кор омадааст.
Ба гуфтаи вай, дар пойтахт ба ҳамлу нақли мусофирон беш аз 100 адад нақлиёте, ки ба сифати сӯзишворӣ газро истифода мекунанд, машғул мебошанд.
«Бо назардошти вазъи баамаломада, сохторҳои дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки камбуди шумори нақлиёти мусофирбареро, ки бо газ кор мекунанд, ба дигар воситаҳои нақлиёт, ки бо маводи сӯзишвории навъи дигар кор мекунанд, иваз намоянд», - таъкид кард Саидов.
Ӯ ҳамчунин итминон дод, ки мушкилоти муваққатӣ дар ҳаракати нақлиёти мусофирбари пойтахт дар рӯзҳои наздиктарин роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста