Шурӯъ аз 11-уми январи соли ҷорӣ боз як микрорайони манзилҳои зисти баландошёнаи шаҳри Кӯлоб бо гази табиӣ таъмин карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Рустам Неъматов хабар дод, бо ду баробар афзоиш ёфтани интиқоли газ аз ноҳияи Балҷувон ин кор муяссар гардидааст.
«Иттиҳодияи ҷамъиятии «Ҳасан-К» якчанд чоҳҳоро барқарор намуда, ҳаҷми интиқоли гази табиӣ ба шаҳри Кӯлобро аз 4,5 то 10 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз афзуд», - гуфт муовини раиси шаҳр ва илова кард, ки бо назардошти вақти қатъи барқ реҷаи интиқоли газ ба се микрорайон тартиб дода шудааст, то ки соҳибхоназанон тавонанд дар ин вақт аз газ истифода намоянд.
Ба қавли Неъматов, бо гармшавии обуҳаво қисмате аз ҳаҷми газ ба корхонаи истеҳсоли хишти шаҳри Кӯлоб фиристода мешавад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста