Дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тарбибот, намояндагони васоити ахбори умум таҳти раёсати Раиси шаҳр Раҷҷаббой Каримов маҷлиси фаъолон баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, аз хусуси натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2011 муовини аввали Раиси шаҳр Иброҳимҷон Иброҳимов муфассал ҳисобот дод. Дастовардҳои аҳли заҳмати ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд дар соли сипаришуда дилпуркунандаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ назар ба нишондиҳандаҳои як сол пешина 19,8 фоиз афзуда, он дар маҷмӯъ 323,7 миллион сомониро ташкил дод. Барои таҷдиди техникӣ ва навсозии технологии корҳонаҳои саноатии қаламрави шаҳр беш аз 2 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷию дохилӣ равона карда шуд.
Корхонаҳои саноатии шаҳр туфайли торафт беҳбудёбии сифати маҳсулот ва ҷавобгӯ шудани он ба талаботи бозори ҷаҳонӣ имкони ширкат дар намоишгоҳҳои байналхалқии дар Фаронса, Итолиё, Испания, Русия баргузоргардида дарёфтанд. Ташаббуси ҷомеаҳои меҳнатӣ ва сокинон оиди эълом доштани маъракаи «400 рӯзи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ - ба 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар саросари Хуҷанд васеъ доман паҳн кард ва ба ифтихори ин санаи таърихиву тақдирсоз беш аз 20 иншооти калони ҷашнӣ бунёд ёфта, дар арафа ва рӯзҳои ҷашн мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар бобати ободонӣ ва беҳдошти симои меъмории шаҳр низ корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Ҳаҷми корҳои ба субутрасондаи ташкилотҳои сохтмон дар қиёс бо соли 2010-ум 1,8 маротиба афзоиш ёфт. Нақшаи пешбинишудаи ҳамаи намудҳои андоз бо барзиёдӣ ба иҷро расид ва боиси ғановатёбии буҷети шаҳр гардид. Иҷрои нақшаи буҷети умумӣ 105,5 фоиз ва буҷети маҳҳалӣ 102,9 фоиз таъмин шуд. Муваффақиятҳои ба дастовардаи коркунони соҳаҳои нақлиёт, алоқа, савдою хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳамчунин кормандони ҷабҳаи идеологӣ назаррасанд. Дар маҷлиси фаъолон аз захираҳои истифоданашуда, камбудию норасоиҳои ҷойдошда, имкониятҳои бартараф кардани онҳо низ ибрози назар карда шуд. Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов дар назди иштирокдорони ҷамъомад дар мавриди рушдбахшии ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, кулли соҳаҳои иҷтисодиёту иҷтимоиёт дар соли ҷашни 20-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххасан вазифагузорӣ кард. Дар маҷлиси фаъолони шаҳр муовини Раиси вилояти Суғд Мубинҷон Қаюмов суханронӣ намуд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста