Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳо ва макотиби олии вилоят, ки Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода тасдиқ намудааст, аз санаи 9 январи соли равон нишастҳои матбуотӣ оғоз гардиданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, нишасти матбуотӣ дар Раёсати иттифоқи матлуботи вилоят бо иштироки доираи васеъи кормандони ВАО-и вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар назар аст, ки соли равон аксари нишастҳои матбуотӣ дар толори конфронсии Кохи навбунёди матбуот доир мегарданд, зеро дар ин толор шароитҳои мувофиқ ба талаботҳои стандарти давлатӣ муҳайё гардида, аксари идораҳои ВАО-и вилоятиву ҷумҳуриявӣ дар ин бинои мӯҳташам ҷойгир шудаанд.
Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ санаи 13 январи соли равон баргузор хоҳад гашт.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста