Соли гузашта дар пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон 76 диссертатсия, аз ҷумла 9 кори илмӣ барои дарёфти унвони доктори илмҳо ҳимоя шуданд.
Зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов изҳор кард, ки соли сипаришуда ҳаҷми маблағи ғайрибуҷетӣ, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни байнулмилалӣ барои рушди илми Тоҷикистон ҷудо карда шуданд, 3,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Ба гуфтаи президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, соли 2011 зилзиласанҷони тоҷик як захираи компютерии нодири маълумотномаро тартиб доданд, ки бо истифода аз методикаҳои навтарин ба ошкорсозии ҷойҳои бештар имконпазири ярчу тарқишҳо ҳангоми заминларзаи сахт имкон медиҳад.
«Соли гузашта коркунони саноати кимиёи Тоҷикистон тарзи муайян кардани холестерин дар таркиби хуни инсонро таҳия намуданд, ки барои ташхиси як қатор бемориҳои ҷигар, дил ва дигар узвҳои инсон муфид аст», - зикр кард М.Илолов.
Дар идома президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ зикр кард, ки аз ҷониби кормандони пажӯҳишгоҳи мушкилоти об, гидроэнергетика ва экологияи Тоҷикистон методикаи дарозмуҳлат ва фаврии пешгӯйии сатҳи ҷоришавии оби рӯдхонаҳои кишвар таҳия шудааст, ки дар асоси он метавон ба беҳбуди кори нерӯгоҳи барқӣ бо обанбораш муваффақ гардид.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста