Бо супориши раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, шурӯъ аз 1-уми феврали соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон лоиҳаи сармоягузорӣ таҳти унвони «Мо метавонем» ҷорӣ мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, лоиҳа бо мақсади беҳбуди кор оид ба муроҷиати шаҳрвандон дар асоси технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
«Дар лоиҳа роҳандозии сабт ва назорати электронӣ дар мавриди саривақт бартараф сохтани садамаҳо дар хатти интиқоли барқ, лӯлаҳои газӣ, қубурҳои обгузар, расонидани хизматгузориҳои коммуналӣ пешбинӣ шуда, дар реҷаи он-лайн ҷиҳати беҳбуди вазъи санитарии шаҳр, беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёт ва дигар зерсохторҳои хизматрасонии шаҳри Душанбе саривақт чораҳо андешида хоҳанд шуд», - гуфт вай.
Ба қавли Ш.Саидов, мақомоти шаҳрдории пойтахт боварӣ дорад, ки бо ҷорӣ кардани лоиҳаи мазкур камбуду норасоиҳо дар хизматрасонии коммуналии шаҳри Душанбе бартараф хоҳанд шуд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста