Соли равон ҳаҷми сандуқи қарзи имтиёзноки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои бекорон ба андозаи 30% афзуда, аз 11 млн. сомонии гсоли узашта то ба 13,3 млн. сомонӣ расонида шуд.

Дар нишасти матбуотӣ директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати назди вазорат Нурулло Маҳмалиев изҳор кард, ки қарзҳои мазкур барои бекорон, аз ҷумла муҳоҷирони кории ба ватан баргашта пешбинӣ шудаанд. Соли гузашта вазорат ба 307 нафар муҳоҷири корӣ чунин қарз пешниҳод кардааст.

Ҳаҷми қарзҳо, ба гуфтаи вай, ба навъи фаъолияти интихобкардаи қарзгиранда вобаста аст. «Масалан, агар шахс хоҳиши фаъолият дар бахши истеҳсолиро дошта бошад, ӯ ба гирифтани қарз дар ҳаҷми беш аз 7 ҳазор сомонӣ ҳуқуқ дорад. Агар навъи фаъолият тиҷорати хурд бошад, пас ба ӯ то 4,5 ҳазор сомонӣ қарз дода мешавад», - гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ, соли гузашта дар маҷмӯъ аз чунин қарзҳои имтиёзноки бефоиз, ки ба муддати якуним сол дода мешаванд, ҳудуди 3,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон истифода бурдаанд.

Махмалиев зикр кард, ҳолатҳои барнагардонидани қарз ба қайд гирифта нашудаанд. «Шаҳрвандон машғули кор буда, даромад ба даст меранд ва саривақт қарзро бармегардонанд», - гуфт вай.

Қобили зикр аст, ки соли 2011 аз Русия ба ватан 2 ҳазору 3217 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон истирдод ё хориҷ карда шуданд. Бино ба маълумоти расмӣ, соли гузашта 735 ҳазору 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои кор сафари хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд, ки 653 ҳазору 257 нафарашонро мардон ва 81 ҳазору 774 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Акс аз www.newsland.ru