Ба наздикӣ дар шаҳри Уфа ҷаласаи ҷамъбастии маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ба номи «И.Сомонӣ»- и Ҷумҳурии Бошқирдистон гузаронида шуд.

Тавре аз Маркази матбуоти хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷаласа донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон (тақрибан 65 нафар), Президенти маркази миллӣ-фарҳангии туркманҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон- Сапармурад Шанглиев ва Роҳбари Созмони миллӣ-фарҳангии ҷумҳуриявии доғистониҳои ба номи Р.Ғамзатов- Магамед Ҳамид Султонмагаметов иштирок намуданд.

Роҳбари Маркази миллӣ-фарҳангӣ Баротбек Ҷалолов ҳамаро бо Соли нави мелодӣ табрик намуда, аз кори шашмоҳаи иттиҳодияи миллии тоҷикон ҳисобот дод. Нақшаи кори марказ дар соли 2012 низ матраҳ гардид. Ба гуфти ӯ, нимсолаи охир барои мустаҳкам намудани дӯстии байни тоҷикон ва намояндагони халқиятҳои дигари Бошқирдистон ва дастгирии ҳамватанони дар ин ҷумҳурӣ зисту зиндагонидошта равона карда шуда буд.

 Дар рафти вохӯрӣ як қатор намояндагони баландмартабаи диаспораҳои тоҷики Уфа мукофотонида шуданд. Ба беҳтарин донишҷӯён, то охири соли таҳсил стипендияҳо ҷудо карда шуд.

Ҷаласа бо консерти ҳофизони эстрадаи тоҷик, намоишнома (спектакл), ва дигар ананаҳои миллӣ, ба охир расид.

Мо ба Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон Рустэм Ҳамитов, барои мустаҳкам намудани дӯстии байни миллатҳо дар давоми сол изҳори миннатдории худро баён менамоем,- қайд намуд Баротбек Ҷалолов ба Агентии «БАШИНФОРМ». Инчунин иброз намуд, ки бо вуҷуди дастовардҳо як қатор камбудиҳо низ дар кори ҳамарӯзаи мо вуҷуд дорад, ки барои матраҳ намудани онҳо дар бисёр мавридҳо ба мо роҳбарияти Хонаи дӯстии халқҳои Бошқирдистон кӯмак мерасонад.