Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб ба хароҷоти зиёд зимни ҳар як парвоз ва фуруд омадани ҳавопаймоҳо бо назардошти низоми садамавии генераторҳо маҷбур аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори генералии фурудгоҳ Алӣ Комилов хабар дод, бинобар сабаби ногаҳон ва бе огоҳии пешакӣ қатъ гардидани интиқоли барқ, зимни фуруд омадани ҳавопаймоҳо ба майдони ҳавоӣ мушкилоти зиёд пеш меояд ва танҳо чораҳои пешакӣ андешида имкон медиҳанд, ки вазъ мӯътадил гардад.
Комилов зикр кард, ки тайи 15 соли ахир онҳо ба энергетикҳо бобати васли хатти ҷудогонаи интиқоли барқ ба фурудгоҳ муроҷиат мекунанд, вале то имрӯз ин дархостҳо ҳеҷ натиҷае надодаанд. «Ба муроҷиатҳои хаттии ахири мо ба шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ва ширкати «Барқи тоҷик» ба мо тавсия доданд, ки мустақилона зеристгоҳи барқӣ бунёд намоем», - мегӯяд вай. – Дар сурати маблағ пайдо кардан ҳам мо мустақилона зеристгоҳи барқӣ сохта наметавонем, зеро ҳарчанд дар фурудгоҳ мутахассисони соҳаҳои гуногун фаъолият доранд, вале мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи энергетика мавҷуд нестанд».
«Алҳол бошад, дар «Барқи тоҷик» доир ба тавсияи навбатӣ андеша меронанду генераторҳо маводи сӯзишвории гаронро хароҷот мекунанд», - афзуд номбурда.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста