Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират лоиҳаи Созишномаи байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа намуд ва барои пешниҳод ба ҷониби Ҷумҳурии Беларус ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кард.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, созишномаи мазкур масъалаҳои мубодилаи маълумоти оморӣ, илмӣ-методии барои Тарафҳо зарурро оид ба муайянсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муайянсозии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ба ташкил ва амалисозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар қаламрави давлати Тарафҳо машғуланд ва иҷрои дигар дархостҳои дуҷонибаро дар соҳаи муҳоҷират дар бар мегирад, ки ба имзорасонии он дар нимсолаи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 28 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба фаъолияти меҳнатии муваққатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба имзо расонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки Хадамоти муҳоҷират ҳамчун мақомоти алоҳидаи навтаъсис дар тули фаъолияти начандон зиёди худ, баҳри дарёфти бозори меҳнатии давлатҳои рушдёфта ва таъмини шароити мусоид барои шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, чораҳои зарурӣ андешида, ба имзорасонии чунин созишномаҳоро бо дигар кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла: Қатар, Кувейт, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Украина дар ояндаи наздик ба нақша гирифтааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста