Соли гузашта дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 4,2 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ, ки ба сохторҳои давлатӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо ҷудо шуда буданд, азхуднашуда боқӣ монданд.
Дар нишасти хабарӣ сардори Раёсати минтақавии молияи Кӯлоб Иззатулло Давлатов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки чунин ҳолат ба даҳҳо сабабҳои объективӣ марбут буда, вале метавон гуфт, ки ба ин воситаҳои пулии ҷудошуда талаботи асоснок пайдо нашуд ва ин маблағ ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида хоҳанд шуд.
«Нақшаҳои минбаъда ва моддаҳои хароҷоти корхонаву ташкилот ва муассисаҳо як сол қабл омода мегарданд ва аксари онҳо минбаъд тағйир меёбанд ё дар давоми сол муҳиму рӯзмарра нашуда, аз ин рӯ, хароҷоти пулиро тақозо намекунанд», - гуфт ӯ ва илова кард, ки соли сипаришуда танҳо хадамоти коммуналӣ тамоми воситаҳои ҷудошударо пурра азхуд намуданд.
Давлатов таъкид кард, ки ба тақвияти андешаи мавҷуд набудани талаботи асоснок дар ягон соҳаи минтақа ба қайд гирифта нашудани қарз аз музди меҳнатро метавон далел овард.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста