Бо мақсади истиқболи сазовори 20-умин солгарди баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сатҳи баланди ин санаи таърихиву сарнавиштсози халқу миллат бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд иборатан аз моҳи ноябри соли гузашта дар саросари шаҳр маъракаи 12 моҳи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ эълон шудааст.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дар доираи ин маърака бунёди бисёр иншооти ҷашнии таъиноти иҷтимоию фарҳангӣ ва хоҷагӣ, таъмиру мумфаршкунии якқатор кӯчаҳои дохилии маҳаллаву микроноҳияҳо, ободонию сабзкории боғҳои фарҳангу фароғатӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозиро вазифадор кард, ки тарҳи нави ороиши хиёбону гулгаштҳо ва мавзеъҳои фароғатиро омода намояд.
Минбаъд дар саросари шаҳр ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз шинонда, хатти сабзи бари кӯчаҳои асосӣ пурра гулпӯш хоҳад шуд. Дар ин маврид имкониятҳои муассисаи кабудизоркунии шаҳр, ки алҳол дар гармхонаҳо қаламчаи гулҳои гуногуннавъро парвариш менамояд, комилан истифода мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки Нақшаи кулли сохтмони шаҳри Хуҷанд, ки дар 20 соли наздик бунёди Хуҷанди азимро пешбинӣ мекунад, моҳи октябри соли 2010-ум аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста