Толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи VIII-уми байнулмитлалии Жаутик оид ба математика, физика ва информатика, ки дар шаҳри Алмаато доир гардид, 13 медал ба даст оварданд.
Дар Олимпиадаи мазкур 54 даста аз 18 кишвари дунё ширкат варзид. Иштирокчиёни олимпиада дар маҷмӯъ барои ба даст овардани 171 медал қувваозмоӣ намуданд.
Тоҷикистонро дар олимпиада ду даста аз литсейи Тоҷикистону Туркия, як даста аз литсейи «Ҳотам ва ПВ», дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе, ки аз ҳафтнафарӣ иборат буданд, намояндагӣ карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз литсейи тоҷикиву туркии ба номи Хоҷа Камол хабар доданд, толибилми ин муассисаи таълимӣ Муҳаммадфирӯз Ҳасанов аз фанни математика соҳиби медали тилои олимпиада гардидааст. Дар маҷмӯъ толибилмони ин литсей нӯҳ медал ба даст оварданд: як медали тило аз фанни математика, ду медали нуқра аз фанни информатика ва физика ва шаш медали биринҷӣ аз фанҳои математика, физика ва информатика.
Аз литсейи «Ҳотам ва ПВ» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар олимпиада дастаи литсейи мазкур чор медал: ду нуқра аз фанни математикаву информатика ва ду биринҷӣ аз математика ба даст овардааст. Ҳамчунин барои иштироки фаъолона дастаи ин литсей бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.
Аз рӯйи натиҷаҳои олимпиада ҳафт дастаи беҳтарин муайян карда шуданд. Дастаи литсейи тоҷикиву туркии ба номи Хоҷа Камол мақомои дуввумро ишғол карда, ба ҳар як узви даста аксбардори рақамӣ тақдим карда шуд.
Дар торнамои олимпиада итттилоъ дода мешавад, ки ҷойи дуввумро толибилмони тоҷик ҳамроҳ бо дастаи София (Булғория) касб кардаанд. Мақоми аввалро дастаи Алмаато ва ҷойи севумро дастаи мактаби математикии Булғория, литсейи физика ва математикаи Киев ва Мактаби таҳислоти умумии миллии Тюдор Виану аз Бухарест ишғол намуданд. Дар қувваозмоии даставӣ Шоҳҷоиза насиби Маркази махсуси таълимиву илмии Донишгоҳи давлатии Маскав гардид.
Дастаи Ӯзбекистон ягон медал ба даст оварда натавонист. Дастаҳои Туркманистону Қирғизистон ҳар кадоме сазовори шаш медалӣ шуданд. Дастаи мизбон – Қазоқистон 58 медал, аз ҷумла 29 медали тило ба даст овард.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста