Аз ин ба баъд хизматчиёни масҷидҳои вилояти Суғд чуни шаҳрвандони дигари ҷумҳурӣ андоз месупоранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати андози вилояти Суғд хабар доданд, мутобиқи қонунгузории кишвар, масҷидҳо аз пардохти андоз озод карда шуда буданд, аммо бинобар сабаби аз ҷониби Кумитаи дини назди ҳукумат тасдиқ гардидани рӯйхати ҳайати шахсӣ (штат)-и кормандони масҷид ва роҳандозии муҳосибот, акнун мувофиқ ба он кормандони масҷидҳо ҳақмузд мегиранд, ки он аз маблағҳои хайрияи ибодаткунандагон ташаккул меёбад.
«Гирифтани музди меҳнат ҳамчун даромад шуморида мешавад ва акнун сархатибон, имомхатибон ва хатибони масҷидҳо ҳамчун шахсони воқеӣ бояд 25% аз маблағи даромадро ба сифати андоз пардохт намоянд. Пас аз тадриҷан ба тартиб овардани фаъолияти масҷидҳо дар вилояти Суғд ба пардохти андоз чун дар дигар ташкилотҳо зарурат пеш меояд. Акнун кормандони масҷид бояд маблағи андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва ҳамчунин андоз аз заминро пардохт кунанд», - зикр кард манбаъ.
Аммо кормандони масҷидҳо бар ин назаранд, ки онҳо ба пардохти маблағи андоз қодир нестанд. Яке аз хизматчиёни масҷид дар шаҳри Хуҷанд дар робита ба ин масъала чунин ибрози андеша намуд, ки «қаламрави баъзе масҷидҳо хеле доманадору бузург аст ва онҳо ба пардохти чунин маблағи андоз аз замин қодир нестанд».
Бино ба маълумоти мутахассиси шӯъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Маҳкам Миркамолов, айни замон дар вилояти Суғд 13 масҷиди ҷомеъ, 84 масҷиди намози ҷумъа ва 914 масҷиди намози панҷгона амал мекунанд. Боз 43 масҷиди дигар, ки қаблан фаъолият доштанд, феълан дубора мавриди бақайдгирӣ қарор доранд.



Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста