Дар ҷаласаи судии пӯшида дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ судя ҷонибҳоро ба мусолиҳа даъват карда, аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо даъват кард, ки даъвояшон аз болои раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзодаро бозпас бигиранд.
Пас аз баррасии шартҳои оштӣ ҷонибҳо розӣ шуданд, ки баҳри расидан ба он кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфт, онҳо омодаанд бо иҷрои се шарт аз ҷониби ҷавобгар аз даъво гузаранд ва ин шартҳо иборатанд аз: бекор кардани қарори Шӯрои уламо, ки дар он хонаводаи Тӯраҷонзодаҳоро ба шиагароӣ ва барангехтани ҷанги дохилӣ муттаҳам карда шуда буд; иҷозати ба фаъолият пардохтани масҷиди Муҳаммадия ва барқарор кардани бародари Тӯраҷонзода ба вазифаи имомхатиби масҷиди мазкур.
Ба гуфтаи Тӯраҷонзода, даъвогарон ҳамчунин пешниҳод кардаанд, ки онҳоро ба ҷаласаи Шӯрои уламо, ки дар он масъалаи қабули изҳороти нав ва носаҳеҳ будани изҳороти пешин баррасӣ мешавад, даъват намоянд.
Эшони Нуриддин Тӯраҷонзода низ аз пешниҳоди судя изҳори қаноатмандӣ карда, боварии худро ба оштӣ шудани ҷонибҳо баён кард.
Бузаргмеҳр Ёров, адвокати хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, изҳор кард, ки муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ба баррасии шартҳои мусолиҳа ва бозпас гирифтани даъво аз ҷониби бародарон Тӯраҷонзодаҳо изҳори омодагӣ намудааст.
«Ҷавобгар гуфт, ба ӯ зарур аст, ки андешаи намояндагони Шӯрои уламо оид ба ин масоилро бифаҳмад. Дар ҳамин ҳол, муфтӣ изҳор кард, ки ҳалли масъалаҳои кушодану бастани масҷидҳо, таъин ва аз кор озод кардани имомхатибон, ки ба Шӯрои уламо тобеъ нестанд, ба салоҳияти Шӯро дохил нестанд», - гуфт Бузургмеҳр Ёров бо такя ба суханони Абдуқодирзода.
Худи муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ кард. Ҷаласаи навбатии судӣ ба рӯзи 6-уми феврал таъин карда шуд. Ин муҳлатест, ки суд барои иҷрои шартҳои оштӣ муқаррар кардааст.




Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста