Сафорати Тоҷикистон дар Украина ба омодасозии Форуми аввали донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии Украина, ки 27-29 апрели соли 2012 дар маркази донишгоҳии бузургтарини Украина дар шаҳри Харков баргузор мегардад, шурӯъ намуд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба Форум таъсис шудааст ва дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва роҳбарияти Донишгоҳи миллии техникӣ “Донишкадаи политехникии Харков” масъалаҳои тадорукотӣ ва ғайра доир ба омодагӣ ба ин чорабинии муҳим баррасӣ мегарданд.
Дар рафти Форуми донишҷӯёни тоҷики вилоятҳои Харков, Днепропетровск, Одесса, Тернопол, Кировоград, Донетск, Виннитск, Луганск, Полтава, Черкасск ва шаҳри Киев масъалаҳои мубрами таҳсил ва ҳаёти донишҷӯӣ муҳокима хоҳанд шуд ва интихоби Шӯрои донишҷӯён, инчунин таъсиси маҷаллаи донишҷӯӣ бо интихоби ҳайати таҳририяи маҷалла дар назар аст. Дар рӯзҳои ин ҳамоиш ҳамчунин мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи 6 намуди варзиш ва озмунҳои мусиқӣ бо интихоби 4 номзад барпо мешаванд.
Бо мақсади тавсеаи фазои фаъолнокӣ ва самаранокии Форум, такмили мӯҳтавои он бо масъалаҳои мушаххаси марбут ба донишҷӯӣ, Сафорат ба тамоми донишҷӯёни ҳамватан ҷиҳати шурӯъ ба корҳои омодагӣ ва фиристодани пешниҳодҳои худ ба Кумитаи тадорукоти Форум муроҷиат намуд. Дар сомонаи Сафорат (www.tajemb.com.ua) бахши махсуси вобаста ба омодагӣ ва гузаронидани Форуми I кушода шудааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста