Зимни муаррифии Гузориш оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти раванди муҳоҷирати аҳолӣ аз минтақаи обанбори нерӯгоҳи Роғун, ки «Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» (BHR) баргузор намуд, роҳбари Муассисаи давлатии минтақаи таҳти сохтмони нерӯгоҳи Роғун Рамазон Мирзоев гуфт, масъалаи пардохти ҷуброн ба аҳолии таҳти минтақаи сохтмон қарордоштаро ҳукумати кишвар муваффақона ҳал мекунад.
Ба гуфтаи вай, айни ҳол муҳоҷирони дохилӣ аз ҷубронпулии гирифтаашон қаноатманданд. Мирзоев то ҳанӯз дар ин самт мавҷуд будани мушкилоти зиёдро инкор намекунад. Бино ба маълумоти ӯ, соли 2011 аз ҳисоби ҳаҷми умумӣ маблағи пардохти ҷубронпулӣ барои муҳоҷирони дохилӣ ба таври назаррас афзудааст.
«Агар тӯли солҳои 2009-2010 ба муҳоҷирон дар маҷмӯъ 13 млн. сомонӣ пардохт шуда бошад, пас соли 2011 ба онҳо 39,5 млн. сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кардем. Аммо дар робита ба масъалаи марҳила ба марҳила пардохт намудани ҷубронпулӣ ман расман гуфта метавонам, ки мо қисмати аввали ҷубронпулиро аз 30 то ба 80% зиёд карда наметавонем, зеро аксаран ин маблағҳоро аз рӯйи таъинот истифода намебаранд. Масалан, ба ҷойи масолеҳи сохтмон автомашина мехаранд», - гуфт ӯ.
Тавре дар гузориш гуфта мешавад, маблағи ҷубронпулӣ қисм-қисм дода мешавад ва қисмати аввал 30% аз ҳаҷми умумии ҷубронпулиро ташкил медиҳад. Арзиши манзили зист аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муайян гардида, айни ҳол нархи миёнаи он тақрибан 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамоҳангсози лоиҳаи «Пешбарии манфиатҳои шахсоне, ки бинобар сохтмони нерӯгоҳи Роғун кӯчонида мешаванд»-и BHR Таҳмина Ҷӯраева бар ин назар аст, ки маблағи қисмати аввали ҷубронпулӣ (30%) барои харидани масолеҳи сохтмону оғози сохтмон кифоя нест. «Таҳқиқотгарон пешниҳод карданд, ки маблағи қисмати аввали ҷубронпулӣ то 80% аз ҳаҷми умумӣ афзуда шавад, вале ин пешниҳод алҳол дастгирӣ наёфт», - гуфт ӯ.
Барномаи кӯчонидани мардуми минтақаи таҳти сохтмони нерӯгоҳи Роғун соли 2009-ум оғоз ёфта буд. Дар доираи амалисозии ин барнома 4700 оила ва ё тахминан 30 ҳазор нафар сокини 63 деҳаи Роғуну Нуробод то соли 2015 ба Данғара, Турсунзода ва Теппаи Самарқандӣ дар атрофи пойтахт ва Дарбанд кӯчонида мешаванд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста