Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмуаррам Абдуқодирзода шартҳои оилаи Тӯраҷонзодаҳоро, ки даъвогарон барои оштии ҷонибҳо пешниҳод карда буданд, қабул накард.
Дар ҷаласаи навбатии пӯшидаи судӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ки дар он даъвои рӯҳониёни маъруф, бародарон Тӯраҷонзодаҳо нисбат ба раиси Шӯрои уламо баррасӣ мешавад, эълон гардид, ки ҷавобгар шартҳои оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои созишро қабул накардааст.
Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи судии гузашта судя ҷонибҳоро ба мусолиҳа даъват карда, аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо даъват кард, ки даъвояшон аз болои раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзодаро бозпас бигиранд.
Пас аз баррасии шартҳои оштӣ ҷонибҳо розӣ шуданд, ки баҳри расидан ба он кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфта буд, онҳо омодаанд бо иҷрои се шарт аз ҷониби ҷавобгар аз даъво гузаранд ва ин шартҳо иборатанд аз: бекор кардани қарори Шӯрои уламо, ки дар он хонаводаи Тӯраҷонзодаҳоро ба шиагароӣ ва барангехтани ҷанги дохилӣ муттаҳам карда шуда буд; иҷозати ба фаъолият пардохтани масҷиди Муҳаммадия ва барқарор кардани бародари Тӯраҷонзода ба вазифаи имомхатиби масҷиди мазкур.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бо такя ба суханони ҷавобгарон ва дар робита ба масъалаи ҳозир нашудани дигар аъзои Шӯрои уламо ба ҷаласа ва гӯё нияти тағйир надодани қарор аз ҷониби онҳо, изҳор кард, ки ба ин бовар надорад, зеро бо аксари аъзои Шӯрои уламо аз наздик шинос аст ва онҳо зимни сӯҳбат бо ӯ ба ибрози андеша дар ҷаласа омодагӣ кардаанд. «Дар ҷараёни мурофиаи судӣ мо исрор хоҳем кард, ки ба он ҳамаи аъзои Шӯрои уламо даъват шаванд, зеро медонем, ки дар омода кардани он изҳорот ба сохтакориву тақаллуб роҳ дода шуда буд», - гуфт вай.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дафъаи гузашта суд барои созишу оштӣ 10 рӯз муҳлат дода буд, вале он сурат нагирифт. Ба гуфтаи Тӯраҷонзода, ҷаласаи навбатӣ рӯзи 8-уми феврал доир гардида, он кушода хоҳад буд ва ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок кунанд.
Худи муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ин дафъа низ аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ кард.
Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 6-уми декабри соли равон Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳороте пахш карда, дар он оилаи рӯҳониён Тӯраҷонзодаҳоро ба баргузор намудани маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа гунаҳкор донист ва аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост намуда буд, ки ба ин амали Тўраҷонзодаҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, баҳри пешгирӣ намудани чунин амалҳои бегонапарастӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
Дар изҳорот аз ҷумла зикр гардида буд, ки «бо назардошти он, ки мардуми шарифи Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, таърихан на дар Бухорову Самарқанд, на дар Хатлону Хуҷанд ва на Ҳироту Ҳисори бостон, ки садҳо уламо ва донишмандони ҷаҳониро дидааст, дар ҳеҷ давру замон маросими Ошўроро мотам нагирифтаанд, аз ин хотир Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали Тўраҷонзодаҳоро дар мавриди мотамгирии Ошўро, ки дар таърихи 2 декабри соли 2011 дар масҷиди ҷомеи деҳаи Туркободи шаҳри Ваҳдат анҷом доданд, ба пуррагӣ мухолифи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ меҳисобад».
Кумитаи умури дини назди ҳукумати кишвар рӯзи 9-уми декабр мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия»-ро, ки ҳамчун масҷиди оилаи Тӯраҷонзодаҳо маъруф аст, ба муддати се моҳ манъ кард.
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
рустам8 феврал, 2012 07:18
рости аз аввал вакто баёноти шурои улламоро хондам маро хело таъчиб омад, ки ин Мукаррамро чишудабошад, ки даст ба ин амали хело сангин зад. зеро огои Турачонзодахо мулохои хасаки нестанд, ки мисли баъзе нафарони дигар ба ин ё он гурух гараванд. бародар хочи Акбар вокеанхам шахсияти хело донишманд ва сиёсат мадори хубе аст. вале баъди онки шунидам ин бародар Мукаррам бародарзодаи Махмадии салафист ба ман хама чиз аён шуд, ки ин хазрат чи мехохад. шояд Махмади натавонистба ин бузургон коре карда бародарзодааш хост интикомашро бигирад. Муддаи хост аз бех канад решаи мо, бехабар аз он Аллохаст дар андешаи мо.