Сардори шӯъбаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдаки дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Майрамбӣ Ғафурова мутмаин аст, ки парлумони Тоҷикистон бояд ҳарчи зудтар қонун дар бораи пешгирии фоҳишагариро қабул намояд.
Ба қавли вай, зимни рейди муштарак бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба дискотекаҳои «Дурахшон», «День и ночь» ва «Белый конь»-и шаҳри Қӯрғонтеппа онҳо шоҳиди он гаштаанд, ки чӣ гуна духтарони ҷавон ба ин ҷойҳо барои «коркунӣ» меоянд.
«Дар ҷараёни рейд мо 26 нафар духтарони ҷавони синнусоли аз 19 то 26-соларо ба ШКД овардем. Аксари онҳо аз шавҳаронашон ҷудо шуда, кӯдакони хурдсол доранд ва онҳоро танҳо дар хона гузошта, ба «кор» баромадаанд. Онҳо ҷойи кори мушаххас ва касби муайяне надоранд», - гуфт ӯ.
Номбурда зикр кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппаро мебояд фаъолияти марказҳои фароғатиро мавриди санҷиш қарор диҳанд. «Мо бо чунин пешниҳод ба мақомоти раҳбарии вилоят муроҷиат намудем», - афзуд М.Ғафурова.
Қобили зикр аст, ки баъди чанде ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардида, дар он ҳисоботи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа баррасӣ мешавад. Гуфта мешавад, масълаи дар боло зикршуда низ ба рӯзномаи ин ҷаласа ворид шудааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста