Мутобиқи тағийроти воридшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз дар палатаи поёнии парлумони кишвар қабул шуд, сарфи назар аз ҳаҷми нафақа, пас аз марги нафақахӯр ба хешовандонаш ба сифати кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 20 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳанда ба 40 сомонӣ баробар аст), яъне 800 сомонӣ маблағи пулӣ дода мешавад.
Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов изҳор кард, ки тағйироти мазкур барои бартараф кардани коррупсия, тарзи дурусти ҳисоби маблағи суғурта, пардохти нафақа тавассути бонки давлатии «Амонатбонк» ва ҳамчунин муайян сохтани ҳаҷми умумии пардохти нафақа пас аз марги нафақахӯрон равона гардидаанд.
Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар зимни суханронӣ гуфт, тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба ҳифзи иҷттимоии шаҳрвандон нигаронида шуда, агар панҷ сол қабл барои пардохти маблағи нафақа дар Тоҷикистон 650 млн. сомонӣ маблағ масраф мегардид, пас ҳаҷми он дар соли равон беш аз 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад. «Мутобиқи тағйироти воридшуда, акнун ҳаҷми маблағи нафақаи маъюбони гурӯҳи аввал 800 сомониро ташкил хоҳад дод», - афзуд Ш.Зуҳуров.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста