«Мо метавонем!» -лоиҳаи муштараки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет” бори аввал дар таҷрибаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар кишвар аз 1 феврали соли 2012 дар реҷаи мустақим (“On-Line”) 24 соат тавассути сомонаи www.mometavonem.tj ба фаъолият шурӯъ кард ва тӯли фаъолияти худ давоми ҳафтаи дуюм аз маҳбубияти сокинони шаҳр бархурдор гардид.
Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, лоиҳаи мазкур бо ибтикори бевоситаи роҳбарияти шаҳри Душанбе баҳри татбиқи муттасили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1174 аз 5 ноябри соли 2003 “Дар бораи Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №78 аз 7 феврали соли 2011 “Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти роҳбарони субъектҳои хизматрасон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки бобати тақвияти кор бо муроҷиати шаҳрвандон дар асоси технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тарҳрезӣ гардида, бақайдгирӣ ва назорати электронии бартарафсозии саривақтии садамаҳо дар шабакаҳои муҳандисӣ ва кулли дигар хизматрасониҳои коммуналию беҳдошти ҳолати санитарӣ, нақлиёт ва фарҳанги шаҳрнишинӣ дар реҷаи мустақим дастёбӣ ба риояи «Маромномаи сокини пойтахт», Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва рушди институтсионалии ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст, дар пойтахт амалӣ карда шуд.
Агар дар гузашта сокинони шаҳр барои ҳалли мушкилоташон оид ба дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ тавассути телефонҳои боварии навбатдории шабонарӯзии доимоамалкунандаи шаҳрдорӣ ниёзҳояшон бароварда мешуд, феълан илова бар он тариқи сомонаи мазкур бо фиристодани паёмакҳо ба рақами телефонии 988933333, почтаи электронии [email protected], ё воридшавии бевосита ба сомонаи www.mometavonem.tj муроҷиатҳояшонро ирсол намуда, ҳолати иҷроиши онҳоро аз ҷониби субъектҳои хизматрасон назорат ва дар харитаи электронии шаҳр дар сомона аз вазъи ҷойдоштаи хизматрсониҳо нисбати рафъи садамаҳо мустақиман мушоҳида баранд.
Дар сомона аз рӯи категорияҳои таъмини об, гармӣ, газ, барқ, ҳолати санитарию тозагии шаҳр, роҳҳо, буридани дарахтон ва сифати кори нақлиёти мусофирбар муроҷиатҳо қабул карда мешаванд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста