Чанде қабл вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо роҳбари Намояндаи Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират Зейнал Гаджиев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба роҳандозии системаи ягонаи автоматикунонидашудаи дурусти баҳисобгирии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба хориҷи кишвар сафар мекунанад, ба роҳ монда мешавад. Тарафайн ба мувофиқа расидаанд, ки бо дастгирии Хадамоти муҳоҷират роликҳои омоданамудаи Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират оиди муҳоҷират тариқи ширкатҳои ҳавопаймоии ҷумҳурӣ, роҳи оҳан ва ВАО ба мардум пешниҳод карда шаванд.
Қайд карда шуд, ки ҳамкорӣ бо сарҳадчиён ҷиҳати муайян намудани шумораи муҳоҷирон ба роҳ монда мешавад.
Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират омодагии хешро баҳри пурзӯр намудани фаъолияти Хадамот, расонидани кӯмакҳои техникӣ ва гузаронидани семинар-трейнингҳо барои кормандони Хадамоти муҳоҷират баён дошт.
Дар хотима меҳмонон аз толори тозабунёди конфронс-зали Хадамот дидан намуда, пешниҳод гардид, ки дар оянда тамоми нишастҳо, чорабиниҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ дар ин толор баргузор хоҳанд гашт.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста