Евгений Парфёнов, раҳбари барномаҳои аврупоии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, имрӯз, сафари дурӯзаи кории худро ба Тоҷикистон оғоз кард. Ин боздид дар чаҳорчӯбаи сафари ҷаноби Парфёнов ба Осиёи Марказӣ сурат мегирад.

Тавре дар иттилоияи намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар гуфта мешавад, ҳадаф аслӣ аз ин сафар шиносоӣ бо фаъолиятҳои феълии ФБҶ СС ва ҲА ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ҳамчунин, бо нақшаҳо барои соли 2012 мебошад. Дар ҷараёни ин сафараш ҷаноби Парфёнов бо мақомоти тоҷик ва созмонҳои шомили Ҳаракати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон вохӯрда, аз чанд лоиҳаи муштараки ҶҲАТ ва ФБҶ СС ва ҲА дар минтақаҳо ва аз як хонаи пиронсолон дар шаҳри Ваҳдат дидан мекунад.

Евгений Парфёнов дар соли 1979 ба раёсати муносибатҳои банулмилалии Иттиҳоди Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари СССР ба кор даромадааст. Ҳамчун масъули баландпояи ФБҶ СС ва ҲА таҷрибаи чандинсолаи фаъолият дар Ҳабашистон, Судон, Арманистон, Укроин, Ироқ, Эрон, ва кишварҳои дигарро дорад. Бо русиву англисӣ ва фаронсави арабӣ ҳарф мезанад.

Эрик Мишел-Селйе, раҳбари Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, мегӯяд, боздиди ҷаноби Парфенов аз Тоҷикистон дари имконияти густариши фаъолиятҳои Федератсия дар ин ҷумҳуриро боз мекунад ва ин ҳам дар замоне, ки ҶҲАТ ниёзманди пуштибонӣ ҷиҳати тақвияти тавоноияш мебошад.

ФБҶ СС ва ҲА намояндагии пайвастаи худро дар Тоҷикистон дар соли 1994 ташкил дод, то бевосита ба осебпазиртарин қишрҳои аҳолии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ин кишвар ёрӣ бирасонад. Дар оғоз барномаҳои Федератсия дар Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ироаи ғизо ба аҳолии осебпазир ва маводи тиббӣ ба ниҳодҳои беҳдоштӣ тарҳрезӣ шуда буданд. Сар аз соли 2004, Федератсия барномаҳои худро тавсеа дод ва ба феҳраси барномаҳои худ лоиҳаҳое оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва вокуниш ба онҳо, ёрӣ ба аҳолии ниёзманд, ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа ва чорабиниҳои марбут ба саломатии ҷомеа, об ва беҳдоштиву вогиршиносӣ ва рушди созмониро илова намуд. Ин ибтикорҳо дар ҷараёни чандин фаъолиятҳои фаврӣ пас аз вуқӯъи офатҳои табиӣ  рӯидаст гирифта шуданд. Намояндагии Федератсияи байнулмилалӣ дар Тоҷикистон ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар тарҳрезӣ, иҷроиш ва мониторинги барномаҳо ёриҳои фанниву машваратӣ мерасонад.

Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) бузургтарин созмони башардӯстона дар ҷаҳон буда, ҳар сол тавассути 187 узви худ дар саросари ҷаҳон ба ёрии 150 миллион нафар мерасанд. Муштаракан бо ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Федератсияи байнулмилалӣ қабл аз, ҳангоми ва пас аз офатҳои табииву беҳдоштӣ ба ёрӣ мешитобад, ниёзҳои мӯҳтоҷонро бароварда месозад ва дар коҳиши осебпазирии мардум нақш мебозад. Федератсияи байнулмилалӣ тамоми фаъолиятҳои худро бидуни ҳеҷ назаркарде ба миллият, нажод, ҷинс, дин, мавқеъи иқтимоӣ ва нигоҳҳои сиёсии мардуми ниёзманд ба роҳ мондааст.