Қарори Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода «Дар бораи таъсис додани Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоятӣ оид ба фаҳмонидани вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолӣ» бо мақсади андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати фаҳмонидани вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолии вилоят ба тасвиб расид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, тибқи қарори ба имзо расида, котиби масъули Шӯро вазифадор гардидааст, ки ҷадвали муштараки баргузории мулоқотҳоро дар мувофиқа бо прокурори вилоят пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин дар якҷоягӣ бо шӯъбаҳои дастгоҳи Раиси вилоят ва воҳидҳои сохтории дахлдор вохӯриву сӯҳбатҳо дар корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо ва шаҳру навоҳии вилоят баргузор хоҳад гашт.