Болоравии қимати нерӯи барқ ба андозаи беш аз 20% аз 1-уми апрели соли равон ба қишри камбизоати аҳолии Тоҷикистон таъсиргузор нахоҳад буд. Давлат барои ин қишри аҳолӣ ҷубронпулӣ ҷудо мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, мутобиқи Ёддошти баимзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҳанӯз дар соли 2006, қимати барқ ҳамасола тақрибан бояд то 40% боло мерафт.

«Сарфи назар аз чунин қарордод, ҳукумати ҷумҳурӣ шурӯъ аз соли 2010 маротибае ҳам арзиши барқро зиёд накардааст», - гуфтанд дар ширкат.

Ширкати «Барқи тоҷик» бо мақсади ба вуҷуд наомадани нофаҳмиҳо дар ҳисоби маблағи барқи истифодашуда, аз истеъмолгарони нерӯи барқ даъват ба амал меоварад, ки то 1-уми апрели соли 2012 маблағҳои қарз аз истифодаи барқро пурра пардохт намоянд.

Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми апрели соли равон дар Тоҷикистон тарофаҳои нави истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ карда мешаванд . Арзиши як кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ бо назардошти андоз аз арзиши изофа 11 дирамро ташкил хоҳад дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба тарофаҳои ҳозира ба ҳисоби миёна ба миқдори 20 дарсад бештар аст.

Бори ахир тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аввали соли 2010 боло рафта буданд. Қаблан Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ тадриҷан то 3,5 сент расонида шаванд.