Ба муносибати ҷашни байнулмилалии Наврӯз дар ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст,  бозори наздимарзӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, бозори мазкур аз ҳисоби маблағҳои Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти Иттифоқи истеъмолгарони ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор доллари ИМА бунёд гардид.