Дар Кӯлоб иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷашни 25-умин солгарди дар ҷумҳурӣ таъсис ёфтани Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатро таҷлил намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб Асадулло Қурбонов хабар дод, чорабинӣ аз маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷасссамаи қурбониёни ҷанг ба хотири ёдбуд оғоз гардид.

Ба гуфтаи А.Қурбонов, дар майдонҳои набарди Ҷанги дуюми ҷаҳон дар маҷмуъ 5608 нафар сокинони Кӯлоб иштирок карда, то ба имрӯз ҳамагӣ 67 нафари онҳо зиндаанд.

Номбурда гуфт, дар ҷанг кӯлобиён аз худ қаҳрамониву шуҷоати зиёд зоҳир сохтаанд. «Се нафар кӯлобиён ба унвони боифтихори Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардида, як нафар ба Ордени Шараф лоиқ дониста шудааст», - афзуд А.Қурбонов.