Рӯзҳои 16-18-уми май дар Тоҷикистон даври миллии Олимпиадаи чорум технологияҳои иттилоотӣ ва шабакавӣ NetRiders Tajikistan 2012 доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии шаҳри Душанбе хабар доданд, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур оммафаҳм ва тарғиб кардани технологияҳои иттилоотӣ ва шабакавӣ миёни ҷавонон ва мусоидат ба имконоти кадрии кишвар дар бахши технологияҳои иттилоотӣ аст.

Чорабинӣ дар доираи Одимпиадаи байнулмилалии NetRiders тибқи барномаҳои Академияи Шабакавии Cisco гузаронида мешавад. Ба ин монанд давраҳои олимпиадаи NetRiders дар кишварҳои дигар узви ИДМ, Аврупо, Шарқи Миёна ва Африқо низ баргузор мешаванд.

Мусобиқот дар реҷаи вақти воқеӣ сурат гирифта, ҳамаи донишҷӯёни Академияи Cisco-и ин кишварҳо он-лайн-санҷишҳо месупоранд ва дар компютер вазифаҳои амалӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва шабакавиро анҷом медиҳанд.