Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маъқул шуморида шуд.

Мутобиқи он, минбаъд барои риоя накардани қоидаву тартиботи гирифтани маълумоти олии динӣ дар хориҷи кишвар, шаҳрвандони ҶТ метавонанд ба маблағи аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шаванд.

Ғайр аз ин, аз ҷамъияту ташкилотҳои динӣ барои роҳандозии робитаҳои байнулмилалӣ бо созмонҳои динии хориҷӣ бидуни огаҳии мақомоти дахлдори давлатӣ, ба маблағи аз 1,2 то 1,6 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида мешавад.

Мувофиқи тағйироти воридшуда, барои чорабиниҳои таблиғотӣ ва маърифатӣ, ки аз ҷониби ҷамъияту ташкилотҳои динӣ дар қаламрави макотиби таҳсилоти умумӣ ё манзилҳои шаҳрвандон гузаронида мешавад, дар ҳаҷми то 2 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шуд.

Зимни шарҳи тағйироту илова ба вакилон муовини аввали раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Ҷумъахон Ғиёсов изҳор кард, ки онҳо бо назардошти талаботи қонуни соли гузашта қабулшуда «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» таҳия гардидаанд.

Намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумон Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ кӯшиш карданд, ки ба тағийроту иловаҳо баъзе тасҳеҳот ворид намоянд.

Ба андешаи раиси ҲНИТ, мафҳуми «ҷаримабандӣ барои баргузории чорабинии маърифатӣ дар мактабҳо» чандон рӯшан нест. «Агар рӯҳонӣ дар чорабиниҳои мактабҳо, ки ба таблиғи арзишҳои умумиинсоние чун эҳтироми омӯзгорон иштирок кунад, пас метавон ӯро ҷарима баст, - гуфт Кабирӣ. – Ҳамчунин ба ман маънои «роҳандозии робитаҳои байнулмилалӣ бо созмонҳои динии хориҷӣ бидуни огоҳии ҳукуматдорон» чандон фаҳмо нест. Ин метавонад маънои онро дошта бошад, ки агар мо СМС-паём ё тавассути почтаи электронӣ мактуб фиристоданӣ шавем, пас барои ин иҷозати ҳукуматдорон зарур аст?».

Вакили дигари ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумон Саидумар Ҳусайнӣ коҳиши ҳаҷми ҷаримаҳо барои ин амалҳоро пешниҳод намуд.

Дигар аксари кулли вакилон бидуни баррасии пешниҳодҳои намояндагони ҲНИТ лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо дастгирӣ карданд.